Сарви Панҷакент

Share

“Сарви Панҷакент”, барномае аз Садои Хуросон дар бораи Рӯдакӣ аст. Рӯдакиро дар Эрон ба унвони “асосгузори шеъри муосири форсӣ” мешиносанд ва дар Тоҷикистон ӯро “падари адабиёти тоҷик” қадр мекунанд. Рӯдакӣ аввалин шоири бузурги форсизабон ва падари шеъри форсӣ маҳсуб мешавад, зеро пеш аз ӯ касе маҷмӯаи ашъор надошт.